Ҷалби 19 донишҷӯи донишгоҳ ба ҳафтаи худидоракунӣ
Ҳамасола ҳафтаи худидоракунӣ дар миқёси вилояти Суғд баргузор мегардад.
Имсол низ чун ҳамасола зиёда аз 100 донишҷӯи муассисаҳои таҳсилоти олии вилоят барои иштирок дар озмуни ҳафтаи худидоракунӣ пешниҳод гардиданд, ки дар натиҷа 48 донишҷӯ ба вазифаҳои роҳбарикунанда таин гардиданд, ки аз ин ҳисоб 19 донишҷӯи МДТ “Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров”, 10 донишҷӯи Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон, 8 донишҷӯи Донишкадаи иқтисод ва савдои донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон, 8 донишҷӯи Донишкадаи техникии Тоҷикистон ба номи академик Муҳаммад Осимӣ ва 3 донишҷӯи Донишкадаи кӯҳӣ-металлургии Тоҷикистон дар идоракунии МҲИД-и вилояти Суғд мебошанд.
Бояд қайд кард, ки ҳадаф аз ташкили ҳафтаи худидоракунӣ ҷалби ҷавонон ба корҳои давлатдорӣ, баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии ҷавонон буда, барои аз наздик ошно кардани онҳо ба низоми давлатдорӣ аст.
Ҷаҳонгир МАХКАМОВ,
донишҷӯи факултети таърих ва ҳуқуқ
Нишонбой МАДУМАРОВ,
донишҷӯи факултети забонҳои шарқ
узви маҳфили “Нерӯи сухан”