​ДДХ: Маросими кушодашавии онлайн-лагер баргузор гашт

Имрӯз 15-уми март, дар Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров бо иштироки муовини ректор оид робитаҳои байналмилалӣ Рухсора Давлатзода, кормандони шуъбаи робитаҳои байналмилалӣ ва устодони факултаи забонҳои шарқ маросими кушодашавии онлайн-лагер баргузор гардид.

Дар оғози чорабинӣ намояндагони Донишкадаи Конфутсий ва Донишгоҳи нафти Чин, ки бо Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров созишномаи ҳамкорӣ доранд сухан карданд.

Дар идома Рухсора Давлатзода низ сухан карда, аз натиҷаҳои ҳамкориҳо бо Донишкадаи Конфутсий ва Донишгоҳи нафти Чин ҳарф зада, баргузории ин онлайн-лагерро, ки зиёда аз 90 нафар устод ва донишҷӯи донишгоҳ иштирок хоҳанд кард, натиҷаи назарраси ҳамкорӣ байни донишгоҳҳо арзёбӣ кард.

Пас аз он намояндагони донишгоҳҳо ва як қатор донишҷӯёни факултети забонҳои шарқ сухан карданд.

Ёдовар мешавем, ки ин онлайн—лагер аз 15 то 26 март давом карда, дар он донишҷӯён фарҳангу маданият ва забони чиниро меомӯзанд, ки дар охир ҳар яки онҳо соҳиби сертификат мегарданд.

Маркази иттилоот ва таҳлил

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ