​Интишори маҷмӯаи ашъори донишҷӯи донишгоҳ

"Саодат аз иродат" таҳти ин унвон маҷмӯаи ашъори Дилшодзода Файзулло (Меҳровари Масчоҳӣ) – донишҷӯи соли чоруми факултети иқтисодии Донишоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров тавассути нашриёти “Адиб” интишор ёфт.

Китоби мавриди зикр фарогири мавзӯъҳои гуногун, аз қабили Ватан, Модар, ишқу муҳаббат, сулҳу субот ва дастовардҳои даврони соҳибистиқлолии кишвар мебошад.

Маҷмӯаи "Саодат аз иродат" дуюмин китоби ашъори Дилшодзода Файзулло буда, соли 2017 аввалин нигоштаҳои ӯ зери номи “Шабеҳи Шарқ” дастраси шеърдӯстон гардида буд.

Мутолиаи китоб дар тарбияи ватандӯстӣ, худшиносӣ ва зафқи зебоипарастии хонандагон нақши неке хоҳад гузошт.

Маркази иттилоот ва таҳлил

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ