​Ширкати фаъолонаи донишҷӯёни донишгоҳ дар озмуни вилоятӣ

Дирӯз дар Донишкадаи политехникии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи Муҳаммад Осимӣ даври ҷамъбастии озмуни вилоятии “Ихтироъкорон ва навоварони ҷавони вилояти Суғд” ташкил ва гузаронида шуд.

Дар озмуни мазкур Шероз Ҷӯраев ва Муҳаммад Ҷуъмазода - донишҷӯёни факултети телекоммуникатсия ва технологияҳои иттилоотии Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров иштирок намуда, бо сипоснома қадр гардиданд.

Маврид ба таъкид аст, ки озмуни фавқуззикр бахшида ба солҳои 2020-2040 – “Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф” роҳандозӣ шуда, Раёсати маорифи вилояти Суғд ва Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар вилояти Суғд ташаббускорони он ба шумор мераванд.

Маркази иттилоот ва таҳлил

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ