Боздиди ректори донишгоҳ аз минтақаи таълимӣ-таҷрибавии “Палос”

Ректори донишгоҳ, профессор Ҷамшед Ҷӯразода бо мақсади ошноӣ бо корҳои ободонӣ ва ниҳолшинонӣ аз минтиқаи таълимӣ-таҷрибавии “Палос” боздид намуд.

Зимни боздид иттилоъ дода шуд, ки дар мавсими сипаригашта 400 бех ниҳоли интенсивии зардолу, шафтолу ва олу, 100 бех чормағз ва 250 бех ниҳоли арча шинонида шуда, ба масоҳати 2 гектор боғи нав бунёд гаштааст.

Тазаккур бояд дод, ки минтақаи таълимӣ-таҷрибавии “Палос”-и МДТ “Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров” бо масоҳати 25,9 гектар дар ҷамоати Дадобой Холматови ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ҷойгир буда, шумораи дарахтони мевадиҳанда 15 намудро ташкил медиҳад.

Дар минтақа 2700 бех ангур, 350 бех зардолу, 250 бех олу, 30 бех себ, 30 бех анҷир, 160 бех шафтолу, 200 бех биҳӣ, 500 бех анор, 100 бех бодом, 20 бех гелос, 105 бех чормағз, 40 бех хурмо ва 500 бех корлик, 250 бех арча ва 100 адад дарахтони сояафкан парвариш мешаванд.

Тибқи иттилои мавҷуда, давоми соли ҷорӣ 8 443 кг анвои гуногуни мева аз минтақаи таълимӣ-таҷрибавии “Палос”-и МДТ “Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров” ба даст оварда шудааст.

Ректори донишгоҳ, ба масъулин ҷиҳати шинонидани дарахтони ба шароиту иқлим мувофиқ, зиёд намудани ҳосили дарахтони мевадиҳанда, истифодаи самараноки замин ва корҳои ободонӣ дар минтақа дастуру супоришоти судманд ироа намуд.

Маркази иттилоот ва таҳлил

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ