​ДДХ: аз Наврӯзи Аҷам бо шукуҳи хос таҷлил намуданд

Имрӯз 18-уми марти соли 2021, дар Маркази фарҳанги шаҳри Хуҷанд ба муносибати ҷашни байналмилалии Наврӯз чорабинии тантанавӣ баргузор гардид.

Дар даромадгоҳи Маркази фарҳанг анвои гуногуни ҳунарҳои мардумӣ ва бозиҳои миллӣ ба намоиш гузошта шуд, ки аҷдодӣ будани ҷашни Наврӯзро бозгӯ менамуд.

Ҷамшед Ҷӯразода, ректори донишгоҳ устодону донишҷӯёнро бо фарорасии Наврӯзи Аҷам табрик гуфта, аз фазилату махсусияти ин ҷашни аҷдодӣ хотиррасон намуд.

Гуфта шуд, ки фазилати Наврӯз ҳамчун ҷашни пайванди инсон бо табиат аз вусъати амалҳои созандагиву ободкорӣ, сабзонидану парвариши ниҳолҳо ва бунёди боғҳо иборат аст, ки дар тамоми марҳалаҳои ташаккули Наврӯзи Аҷам мукаммал гардида, на танҳо аҷдоди мо, балки мардумони мухталифро ба сӯи чунин амалҳои нек ҳидоят кардааст.

Ректори донишгоҳ афзуд, ки ба ҳайси ҷашни ҷаҳонӣ пазируфта шудани Наврўз гувоҳи он аст, ки ҳанўз дар замони қадимтарин ниёгони мо бо холисии ният ва ормони олӣ ҷашнеро падид оварда буданд, ки паёми ваҳдату муҳаббат, покию садоқат, зебоию нафосат ва бедорию заҳмат мебошад.

Паёми табрикотии Раиси вилояти Суғдро ба ҷомеаи меҳнатии донишгоҳ намояндаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд Мирзоғуфрон Ғафуров ироа намуд.

Зикр гардид, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Наврӯзро ҳамчун падидаи нотакрори фарҳангӣ ва унсури тамаддуни миллӣ унвон намуда, борҳо зикр доштаанд, ки он дар масири таърих тамоми инсониятро ба созандагиву офарандагӣ, барои эҷод ва бунёди тарҳи нави зиндагӣ ва ташаббусу иқдомҳои тоза ҳидоят намудааст.

Барномаи фарҳангӣ ва иҷрои суруд аз ҷониби сарояндагони номиии ҷумҳурӣ ба чорабинии наврӯзӣ шукуҳи хос эҳдо намуд.

Маркази иттилоот ва таҳлил

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ