​Донишгоҳи давлатии Хуҷанд маоши кормандонашро 10% боло бурд

Боло рафтани нарх дар бозор ва мушкилоти коронавирус далели боло бурдани маоши кормандон гуфта мешавад. Сурат: торнамои донишгоҳ Донишгоҳи давлатии Хуҷанд (ДДХ) ба номи академик Бобоҷон Ғафуров бар пайи боло рафтани нархи маҳсулоти хӯрокӣ дар бозор маоши омӯзгоронро 10% боло бурд. ДДХ яке аз мактабҳои олии калонтарини шимоли Тоҷикистон аст, ки 800 устод ва беш аз 20 ҳазор донишҷӯ дорад.

Фаридун Ҳодибоев, сардори маркази иттилоот ва таҳлили ин донишгоҳ ба “Азия-Плюс” гуфт, ки аз 1-уми январи соли 2021 маоши кормандони ДДХ ба номи академик Б.Ғафуров аз ҳисоби суратҳисоби вижаи донишгоҳ 10% зиёд мешавад. Ин тасмимро Шӯрои олимони донишгоҳ зимни ҷаласаи навбатӣ гирифтааст. Ин масъули донишгоҳ мегӯяд, ки баробари ҳамагирии коронавирус нархи молу маҳсулот дар бозор боло рафт, ки ин ба вазъи иқтисоди мардум, ба вижа ҷомеаи омӯзгорон бетаъсир намонд. “Сабаби боло бурдани маоши кормандони донишгоҳ ба ҳамагирии коронависус алоқаманд аст, ки дар натиҷа нархи маҳсулот дар бозор боло рафта, ба вазъи иқтисодии аҳолӣ, бахусус омӯзгорон таъсир расонид.

Ҳадаф низ аз иқдоми мазкур баланд бардоштани сатҳи некӯаҳволии кормандони донишгоҳ ва бо ин васила, таъмини зиндагии шоистаи ҷомеаи меҳнатии донишгоҳ аст. Ин иқдомро Вазорати маориф ва илм ва ҳамчунин роҳбари вилояти Суғд дастгирӣ қарданд” Ҳоло бино ба иттилои расмӣ, устодони ин донишгоҳ вобаста ба дараҷаи илмиву мақоми омӯзгорияшон аз 1500 то 4200 сомонӣ маош мегиранд. Донишгоҳи давлатии Хуҷанд яке аз панҷ донишгоҳу донишкадаи олӣ дар вилояти Суғд аст, ки асосан кормандонаш аз буҷа маблағгузорӣ мешавад. Аммо донишгоҳу донишкадаҳои дигари вилоят, умдатан худмаблағгузоранд, ки донишҷӯён дар онҳо бо пардохти ҳаққи таҳсил мехонанд.

Бархе аз донишгоҳу донишкадаҳои дигар дар вилояти Суғд низ дар баробари ДДХ тасмим гирифтаанд, ки маоши кормандонашонро боло баранд.

Як манбаъ аз Донишкадаи иқтисод ва савдои Донишгоҳи давлатии тиҷоратии Тоҷикистон дар Хуҷанд низ дар сӯҳбат бо “Азия Плюс” гуфт, ки директори ин Донишгоҳ низ дар маҷлисе масъалаи то 10% боло бурдани маоши кормандони ин донишгоҳро аз соли нав матраҳ кардааст. Бархе мактабҳои олии дигар дар вилоят ба боло бурдани маоши кормандони буҷавӣ дар моҳи сентябр иктифоъ кардаанд.

Аз Донишкадаи кӯҳии металургии Тоҷикистон гуфтанд, ки онҳо ҳанӯз моҳи сентябри имсол ба ҷуз аз фармони раисҷумҳур, ки дар асоси он 15% маоши кормандони соҳаи маориф аз ҳисоби буҷа боло рафт, ҳамчунин аз суратҳисоби худи донишкада мутаносибан аз 15 то 40% маоши кормандони донишкадаро боло бурдаанд. Як манбаъ аз ин донишкада гуфт, ки ин ба вазъияти молиявию иқтисодии худи донишгоҳҳо вобаста аст, ки метавонад аз суратҳисоби махсус маоши кормандонашонро боло бибаранд ё не.

https://asiaplustj.info/tj/news/tajikistan/society/20201223/donishgoi-davlatii-huand-maoshi-kormandonashro-10-bolo-bur

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ