Мулоқоти кормандони Гвардияи миллӣ бо донишҷӯён

Имрӯз 1-уми декабр, дар факултети таърих ва ҳуқуқи Муассисаи давлатии таълимии “Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров” вохӯрӣ бо кормандони Гвардияи миллӣ бо донишҷӯён баргузор гардид.

Дар вохурӣ муовини командири қисми ҳарбӣ 011056 оид ба корҳои сиёсӣ-тарбиявӣ, подполковники гвардия Ҳамрозода Фурқат Муҳаммадӣ, сардори шуъбачаи кадрҳои қисми ҳарбии мазкур майёри гвардия, Шоҳиҷаҳониён Соҳиба Шогуласан, муовини командири двизиони аперативӣ оид ба корҳои сиёсӣ-тартиботӣ, капидани гвардия Хуҷазода Маҳмудҷон Мақсатулло, мудири шуъбаи тарбияи донишгоҳ Бахтиёр Шомирзоев ва донишҷӯёни факултети филологияи рус, тарбияи ҷисмонӣ, таъриху ҳуқуқ ва геоэкология ширкат доштанд.

Иштирокдорон дар бораи амнияти марзу бум ва корҳои созандагии роҳбарияти олии кишвар табодули афкор намуданд.

Маркази иттилоот ва таҳлил

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ