​Озмуни хониши асарҳои Пешвои миллат

Дар факултети тарбияи ҷисмонӣ бо ибтикори кафедраи анатомияи варзиш ва мудофиаи гражданӣ озмуни хониши асарҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва семинари илмӣ-назариявӣ баргузор гашт.

Озмуни хониши асарҳои Пешвои миллат дар байни донишҷӯён бо мақсади баланд бардоштани ҳувияти миллӣ, гиромидошти арзишҳои миллӣ ва ҷалби бештари донишҷӯён ба китобу китобхонӣ гузаронида шуд.

Инчунин, дар семинари илмӣ-назариявӣ донишҷӯён доир ба масоили “Таъсири муҳит ба саломатии инсон”, “Пешгирии бемориҳои сироятӣ”, “Расонидани ёрии аввалини тиббӣ ҳангоми ҷабрдидагон” маърӯза ва табодули афкор доштанд.

Дар интиҳо ғолибони озмун, беҳтарин маърӯзакунандагон муайян ва бо ифтихорномаю туҳфаҳои хотиравӣ қадр гаштанд.

Маркази иттилоот ва таҳлил

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ