​Китоби​ устоди донишгоҳ зери номи "Камол дар оинаи пажӯҳиш"​ ба нашр расид

Маркази илмии Камоли Хуҷандӣ ҷилди дувуми "Силсилаи китобҳои камолшиносӣ"-ро, ки аз тарафи устоди Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров, адабиётшинос Субҳони Аъзамзод таҳти унвони "Камол дар оинаи пажӯҳиш" таҳия шудааст, ба нашр расонид.

Китоби "Камол дар оинаи пажӯҳиш" аз 566 саҳифа иборат буда, дар он зубдаи асарҳои камолшиносӣ аз соли 1845 то 1960 гирдоварӣ шуда, тавассути нашриёти "Хуросон" бо сифати баланд ва ҷолиби таваҷҷуҳ ба табъ расид.

Ёдовар бояд шуд, ки ҷилди аввали «Силсилаи китобҳои камолшиносӣ» бо номи "Камол дар оинаи тазкираҳо" ба наздикӣ аз нашр баромада буд. Нашри ин китобҳо беҳтарин дастовард ба ифтихори 700-умин солгарди Камоли Хуҷандӣ маҳсуб меёбад.

Маркази иттилоот

ва таҳлили донишгоҳ

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ