Маҳфил: “Донишҷӯ ва технологияи иттилоотӣ”

Маҳфили илмӣ-амалии навбатии кафедраи умумидонишгоҳии информатика таҳти унвони «Донишҷӯ ва технологияи иттилоотӣ” бо иштироки донишҷӯёни факултети забонҳои хориҷӣ доир гардид. Мудири кафедра дотсент Ҳусейнбой Аҳмедов ҳадафи маҳфилро шарҳ дода, ҷиҳати мунтазам ва самаранок баргузор шудани кори он маслиҳатҳои муфид ироа намуд.

Дар доираи дарс озмун ташкил шуда, дар он иштирокчиён аз рўи се шарт “Саволу ҷавоб доир ба компютерҳои фардӣ”,“Кор бо тахтаи интерактивӣ”,“Дохил намудани матн дар барномаи виросторони матнӣ MS WORD” маҳоратсанҷӣ намуданд.

Мувофиқи хулосаи ҳайати ҳакамон ҷойи якум ба донишҷӯи факултети забонҳои хориҷӣ Бобоҷонова Нодира, ҷойи дуюм ба Азалхонов Сӯҳроб ва ҷойи сеюм ба Миркамолова Мижгона сазовор дониста шуд.

Ба ғолибон ифтихорномаи ректори донишгоҳ, профессор Ҷамшед Ҷўразода супорида шуд.

Маркази иттилоот ва таҳлил

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ