​Муариффии курси кӯтоҳмуддати “Санъати суханварӣ ва психологияи муошират”

Дар факултети психология ва таҳсилоти томактабӣ муариффии курси кӯтоҳмуддати“Санъати суханварӣ ва психологияи муошират” баргузор гардид.

Дар муариффии мазкурномзади илмҳои психологӣ, дотсент Ҳусейн Зайтметов ва хабарнигор Осимҷон Носиров суханронӣкарда, доир ба системаи курс маълумотҳои пурмазмун ва мушаххас баён намуданд.Онҳо дар баромади худ зикр карданд, киҳадафи асосиикурси мазкуррушди андешаву тафаккур ва сайқал додани сухандониву суханронии инсон ба шумор меравад.

Иброз шуд, ки барномаи таълимии курси “Санъати суханварӣ ва психологияи муошират” ба хонандагон, донишҷӯён, аспирантҳо, омӯзгорон, ҳуқуқшиносон, иқтисодчиён, муҳосибон, барномасозон, кормандони бонкҳо, савдогарҳо, маркетологҳо, пизишкон, варзишгарон, менеҷерҳо, роҳбарон ва ғайра нигаронида шудааст.

Дотсент Ҳусейн Зайтметов қайд кард, ки пасаз омӯзиши курси мазкуриштирокдорон метавонанд ба донишҳо ва малакаҳои зерин соҳиб шаванд:

  • боварӣ ба худ дар таоми муошират;
  • бо боварӣ ба саволҳои шунавандагон ҷавоб додан;
  • дар муддати тӯлонӣ дар ҳама мавзӯъ бетанаффус сухан кардан;
  • фикри худро ба таври дуруст, пайдарпай ва хуб баён намудан;
  • усулҳои ҷалб кардани шунавандагон;
  • омӯзиши истҳои мантиқӣ;
  • идоракунии аудитория;
  • усулҳои хуби психологияи муошират;
  • усулҳои афзун кардани фонди луғавӣ ва ғайра.

Дар фарҷоми муаррифии курси мазкур баромадкунандагон баён доштанд, ки бештар вақти худробароимутолиаи китоб, маҳорати хушнависӣ ва рушди санъати суханварӣ сарф намоянд.

Маркази иттилоот ва таҳлил

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ