Ҷамъбасти ҳафтаи илм дар факултети телекоммуникатсия ва технологияи иттилоотӣ
Дар ҷараёни ҳафтаи илм дар факултети телекоммуникатсия ва технологияи иттилоотии МДТ “Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобҷон Ғафуров” бо ширкати устодону донишҷӯён озмуну маҳфилҳои илмӣ-амалӣ ва муаррифии модулҳо баргузор гашт.
Дар маҳфилу семинари илмӣ-назариявӣ ва амалӣ масоилитехнологияи ISDN,истифодабарии имзои электронӣ, технологияи муосир: истифодаи манбаҳои энергияи барқароршаванда, бартарӣ ва камбудиҳои забони барномасозии QT, файли “Cookie”: зарурият ва моҳияти он ва технологияҳои сохтани сомона аз ҷониби устодону донишҷӯён мавриди баррасӣ қарор гирифт. Модулҳои “Ҷадвали дарсӣ” ва “Дастрасии маводи таълимӣ барои донишҷӯён” аз ҷониби донишҷӯён муаррифӣ карда шуд.
Ҳамчунин, дар партави амри Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба баргузории озмуни ҷумҳуриявии “Фурӯғи субҳи доноӣ...” дар факултети телекоммуникатсия ва технологияи иттилоотӣ озмуни “Китобхони беҳтарин” ва муарифии дизайни нави китобхонаи рақамӣва озмуни умумифакултетии “Сомонаи беҳтарин” доир ва ҷамъбаст гардид.
Фаррух Усмонов, аъзои маҳфили “Неруи сухан”