​Спартакиада: Шоҳмотбози беҳтарин муайян гашт

Дар доираи Спартакиадаи “Саломатӣ” бозии шоҳмот байни устодону профессорон ташкил ва ҷамъбаст гардида, беҳтарин даста ва шоҳмотбози беҳтарин муайян гаштанд.

Мақоми аввал насиби дастаи факултети математика гашта, зинаҳои баъдиро дастаҳои факултети телекоммуникатсия ва технологияи иттиллотӣ, факултети физика ва математика касб намуданд.

Дар байни занон омӯзгори факултети телекоммуникатсия ва технологияи иттиллотӣ, Умеда Алиматова ва дар байни мардон дотсенти факултети математика, Абдувалӣ Рашидов шоҳмотбози беҳтарин дониста шуданд.

Мавриди зикр аст, ки Спартакиадаи “Саломатӣ” байни ҳайати профессорону омӯзгорони Муассисаи давлатии таълимии “Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров” бо мақсади баланд бардоштани сатҳи варзиш ва тарбияи ҷисмонӣ дар ҷомеа ва тарзи ҳаёти солим байни устодону профессорон роҳандозӣ гашт.

Маркази иттилоот ва таҳлил

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ