​46 нафар омӯзгорон курси такмили ихтисос мегузаранд

Барои 46 нафар омӯзгорони Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров аз рӯиихтисоси “Педагогика ва психология” курси такмили ихтисос оғоз шуд.

Ин ташаббус тибқи мактуби Донишкадаи такмили ихтисоси омӯзгорони муассисаҳои таҳсилоти олии касбии назди Донишгоҳи миллии Тоҷикистон санаи 18 декабр шуруъ гардида, машғулиятҳо то 5 январ идома хоҳанд ёфт.

Маврид ба зикр аст, ки Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров бо мақсади баланд бардоштани маҳорату малакаи касбии омӯзгорони муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ дар ҳамкорӣ бо Донишкадаи такмили ихтисоси омӯзгорони муассисаҳои олии касбии назди Донишгоҳи миллии Тоҷикистон мунтазам ҷиҳати аз такмили ихтисос гузаштани омӯзгорон ташаббус мекунад. Дар доираи ин ибтикор ҳамасола беш аз 20% аз теъдоди умумии омўзгорони донишгоӽ курсҳои такмили ихтисос мегузаранд.

Дар назар аст, ки курси навбатии такмили ихтисос барои омӯзгорони донишгоҳ моҳҳои январ-феврали соли 2024 барои ихтисосҳои равияи “Иқтисодӣ” ва “Фалсафа” ифтитоҳ хоҳад ёфт.

Маркази иттилоот ва таҳлил

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ