Факултети педагогӣ : «Пешвои миллат – ҳомӣ ва такягоҳи аҳли маориф»
Дар факултети педагогӣ конфронси илмӣ – амалии донишҷўёни ихтисоси таҳсилоти томактабии шўъбаи ғоибонаи факултети педагогӣ таҳти унвони «Пешвои миллат – ҳомӣ ва такягоҳи аҳли маориф» баргузор гардид. Дар он муовини ректор оид ба таълим, профессор Абдулфаттоҳ Раҳимов, сардори раёсати таълим, дотсент Муҳиддин Сабуров, мудири шўъбаи таҳсилоти фосилавӣ, дотсент Маҳмадшо Маҳмадшоев, мутахассис ишўъбаи идоракунии сифати таҳсилот, дотсент Абдурасул Ҷўлиев, мудири шўъбаи тарбия, дотсент Бахтиёр Шомирзоев ширкат варзиданд.
Конфронсро декани факултет Сатторбердӣ Рабиев ифтитоҳ намуд.
Барномаи конфронсаз 8 банд иборат буда,се маърўзаи илмиро фарогир буд. ДонишҷўёнМеҳрангез Исмоилова – ғолиби озмуни«Мураббии сол- 2017»ва Ҳанифа Валиева– ғолиби озмуни«Мураббии сол-2018» бо маърўзаҳои пурмўҳтавобаромад намуда, ба раёсатидонишгоҳ, шахсан ба ректорҶамшед Ҷўразода барои ғамхоривудастгирӣ арзи сипосу миннатдорӣбаён намуданд.
Дар қисмати фарҳангии конфронстарбиятгирандагони думуассиса– ширхоргоҳ – кўдакистони №27 –и шаҳри Хуҷанд, вакўдакистони № 8-и ноҳияи Бобоҷон Ғафуров бо рақсу шеъру суруд баромад намуданд.
Дар хотимаи конфронс муовини ректор оид ба таълим профессор Абдулфаттоҳ Раҳимов ба сухан баромада, ба иштирокчиён, бахусус кўдакон изҳори сипос намуд. Ба Ҳанифа Валиева– ғолиби озмуни«Мураббии сол-2018» ифтихорномаи ректори донишгоҳро тақдим карда шуд.
Маркази иттилоот ва таҳлил