Донишҷӯён донишҳои назариявии худро дар амал татбиқ мекунанд

Таҷрибаомӯзии таълимӣ қисми таркибии барномаи тайёркунии мутахассисон ба ҳисоб меравад. Мундариҷаи асосии таҷрибаомӯзиро иҷрои амалии вазифаҳои таълимӣ ва хусусиятҳои таълим дар низоми кредитии таҳсил, ки ба характери фаъолияти ояндаи донишҷӯ мувофиқ аст, ташкил медиҳад. Тибқи нақшаи таълимӣ ва дар асоси фармони ректори донишгоҳ барои донишҷӯёни курси дуюми шӯъбаи рӯзонаи ихтисосҳои таъмини барномавии технологияи иттилоотӣ ва амнияти компютерии кафедраи барномарезии факултети телекоммуникатсия ва технологияҳои иттилоотӣ таҷрибаомӯзии таълимӣ оғоз гардид.

Қаблан ба донишҷӯён аз ҷониби мудири кафедраи барномарезӣ н.и.и. Нуриллоев Хушбахт ба донишҷӯён оид ба рафти таҷрибаомӯзӣ маълумот дода шуда, донишҷӯён бо барномаи таҷрибаомӯзӣ ва рӯзнома таъмин карда шуданд.

Мувофиқи барномаи таҷрибаомӯзии таълимӣ донишҷӯён донишҳои назариявию амалии худро мустаҳкам намуда, бо раванди таълим дар донишгоҳ шинос ва малакаи истифодаи онҳоро дар амалия азхуд мекунанд. Инчунин донишҷӯён дар доираи таҷрибаомӯзӣ аз кор ва фаъолияти ТАҚХ “Имон Интернешнл” аз наздик шинос гардиданд.

Маркази иттилоот ва таҳлил

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ