​Ғолибияти донишгоҳ дар озмуни “Чакомаи гесӯ”

Дар шаҳри Хуҷанд фестивали “Чакомаи гесӯ” баргузор гардид. Аз Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров дар озмуни мазкур 10 нафар донишҷӯдухтарон иштирок намуда, сазовори мақоми ифтихорӣ гардиданд.

Аз ҷумла, дар ин озмун аз рӯйи номиннатсияи «Гесўйи дарозтарин” Файзуллоева Шукрона, донишҷӯи курси чоруми факултети забонҳои хориҷӣ ҷойи аввалро соҳиб гардид.

Маврид ба зикр аст, ки фестивали “Чакомаи гесӯ” аз рўйи 3 бахш: гесўйи дарозтарин, ороиш ва мўйбофии қадима ва ороиш ва мўйбофии муосир сурат гирифта, дар он довталабони зиёд аз муассисаву корхона ва идораву ташкилотҳои шаҳр ширкат варзиданд.

Ҳадаф аз ин озмуни мазкур баланд бардоштани мақому манзалати либоси миллӣ, суръату сифати тоза бахшидан ба истеҳсоли анвои гуногуни матоҳои миллӣ, аз қабили атласу шоҳӣ, чакану алоча, гулдасту чит, тоқӣ унвон мешавад.

Ғолибонро Фирўза Нуруллозода, муовини Раиси шаҳри Хуҷанд аз номи иҷрокунандаи вазифаи Раиси шаҳри Хуҷанд Фирдавс Шарифзода табрику таҳният гуфта, диплом ва туҳфаҳои хотиравиро тақдим намуд.

Маркази иттилоот ва таҳлил

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ