Донишҷӯён бо таърихи “Қалъаи Хуҷанд” шинос шуданд

Донишҷӯёни курси якуми факултети санъати тасвирӣ ва технология аз “Қалъаи Хуҷанд” дидан намуданд.

Ин ташаббус бо мақсади иҷроиши мактуби Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи ба роҳ мондани ҳамкорӣ бо Ташкилоти ҷамъиятии “Ҳифзи ёдгориҳои таъриху фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон” ҷиҳати ҳимоя намудани осори ниёгон, таблиғу ташвиқ ва эҳёи ҳифзи мероси гаронбаҳои аҷдодӣ ба роҳ монда шуд.

Профессори кафедраи таърихи ватан ва археолигия Раҳимов Набиҷон ва дотсент Файзуллоев ба донишҷён доир ба таърихи қалъаи Хуҷанд, ҷараёни омӯзиши археологии он, корҳои барқароркунии ин мавзеи таърихӣ маълумот доданд.

Таъкид шуд, ки заминаҳои аввалини маданияти шаҳрсозӣ дар ҳавзаи Сирдарё ба ҳазорсолаи II-I то милод рост меоянд. Омўзиши археологии шаҳри Хуҷанд аз соли 1954 сар шуда ва аз кофтукови археологии куҳандизи шаҳр ибтидо гирифтааст.

Ҳамзамон, дар доираи ин иқдом донишҷӯён таҳти роҳбарии Ҷамолиддин Абдукаримов, муаллими калони кафедраи таърихи халқи тоҷик оз Осорхонаи таърихии вилоят дидан намуданд.

Маркази иттилоот ва таҳлил

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ