​Баррасии муносибати салоҳиятнокӣ ба таълим дар конфронси таърихшиносон

Дар кафедраи методикаи таълими таърих ва ҳуқуқ бо ироаи 8 маърӯзаи илмӣ конференсияиилмӣ-анъанавии устодон ва олимони ҷавон, бахшида ба 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, “Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ, 20-солаи рушди илмҳои табиатшиносӣ, риёзӣ ва дақиқ, 110-солагии қаҳрамони Тоҷикистон Мирзо Турсунзода баргузор гардид.

Дар конференсия доир ба масъалаҳои “Фаъолияти омӯзгори таърих дар партави муносибати салоҳиятнокӣ ба таълим”, “Дарси салоҳиятнокӣ аз фанни асосҳои давлат ва ҳуқуқ ва усули гузаронидани он”, “Аҳамияти истифодабариимаводҳои кишваршиносӣдар ҷараёни дарси таърих”, “Технологияи инноватсионӣ ва муносибати салоҳиятокӣ ба таълим”, “Методи ҷалб намудани хонандагон ба корҳои илмӣ – тадқиқотӣаз фанни таърих”, “Аҳамияти методҳои фаъоли таълим дар ҷараёни дарси таърих”, “Хусусиятҳои омӯзонидани фанни ҳуқуқи инсон дар мактаб” ва “Роҳ ва усули омӯзонидани ҳуқуқу озодиҳо ва вазифаҳои асосии инсон ва шаҳрвандон бо методи фаъоли таълим” маърӯзаҳои илмӣ шунида шуд.

Дар идома музокира ҷараён гирифта, маърӯзуҳои беҳтарин муайян ва барои нашр ба маҷаллаи илмии “Номаи ховаршиносон”, ки бахшида ба 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон нашр мегардад, барои чоп пешниҳод шуданд.

Маркази иттилоот ва таҳлил

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ