​Довталаб-2021: Ояндаи зебо аз интихоби дуруст вобаста аст!

«Матбуот чашму гӯши халқ, муҳимтарин рукни ҷомеаи демократӣ мебошад ва ҷамъиятро аз бисёр нокомиҳо раҳо карда метавонад».

Эмомалӣ Раҳмон

Ихтисоси рӯзноманигории Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров дар рӯйхати ихтисосҳои Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти рамзи 1 23 01 08 омадааст.

Ихтисоси мазкур дар назди кафедраи журналистика ва назарияи тарҷумаи факултети филологияи тоҷик амал мекунад. Таълим дар ин ихтисос аз рӯи низоми бакалавр (4-сола) сурат мегирад. Шакли таҳсил рӯзона буда, намуди таҳсил ройгон ва шартномавӣ мебошад. Донишгоҳ мутахассисонро аз рӯи ихтисоси мазкур асосан барои пур намудани фазои иттилоотии ВАО тайёр мекунад. Бо дипломи ин ихтисос метавон дар ВАО: рӯзномаву маҷалла, радиову телевизион фаъолият намуд. Ҳамчунин, мутахассиси ин ихтисос метавонад, дар дастгоҳи иҷроияи мақомоти давлатӣ дар вазифаи рoҳбари дастгоҳи иттилоотӣ, шуъбаи робита бо ҷомеа фаъолият намояд. Ихтисоси мазкур танҳо дар шуъбаи рӯзона амал мекунад.

Рамзи Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров дар Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти рақами 109 сабт гардидааст.

Маркази иттилоот ва таҳлил

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ