​Мубодилаи афкор доир ба арзиши вақт дар маҳфили "Пайғоми зиндагӣ"

Вакт чист? Ба ақидаи механик, вақт ин ҳаракат аст. Биолог бошад вақтро ҳаёт медонад. Таърихшинос баръакси ин ду мегӯяд, ки “вақт ин ченаке ҳаст, ки моро ба анҷом (ё марг) наздик месозад" ва воқеан ҳар яки онхо дуруст мегӯянд. Вақт бебозгашт мегузарад, вале чӣ тавр гузаштани он саволе мебошад, ки бояд аз худамон бипурсем ва ғофил набошем.

Вақт аст, ки шевааш гирифторӣ нест,

То мегузарад роҳи нигаҳдорӣ нест.

Дар маҳфили навбатии "Пайғоми зиндагӣ" факултети филологияи тоҷикиДонишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров масъалаи болозикр, ва дар ин замина, арзишманду судманд гузаронидани вақт мавриди баррасӣ қарор дода шуд.

Тибқи иттилои номзади илмҳои филологӣ, дотсент Умеда Абдурашидова ин дафъа низ маҳфили "Пайғоми зиндагӣ" бо иштироки донишҷӯёни закӣ ва боистеъдод боманфиат гузашт. Зеро аз таҳлилу мубодилаи афкор донишҷӯён ба хулосае омаданд, ки вақти худро бояд ғанимат дониста бо хондану аз худ кардани илму дониш гузаронанд. Чун ҳамаи омӯзиш ва фаъолияти инсон мавриди худро дорад. Муваффақ касест, ки мавриди омӯзиш ва кор карданро медонад.

Маркази иттилоот ва таҳлил

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ