​Ғолибияти пайдарпайи донишҷӯдухтарони донишгоҳ дар мусобиқаи ҷумҳуриявӣ

Дар мусобиқаи ҷумҳуриявӣ дастаи волейболбозони (духтарон) Муассисаи давлатии таълимии “Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров” бо дастаҳои Душанбе 2 ва Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ вориди майдони рақобат гашта, бо ҳисоби якхелаи 3:0 дастболо гардид.

Хотирнишон менамоем, ки даври ниҳоии мусобиқаи ҷумҳуриявӣ банйи донишҷӯдухтарони муассисаҳои олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 4-уми декабр оғоз гардида, дар он панҷ даста аз минтақаҳои кишвар иштирок доранд.

Маврид ба зикр аст, ки чорабинии мазкур дар асоси талаботи "Барномаи маҷмуи рушди тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2017- 2021" аз ҷониби Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ташкил ва ба роҳ монда шудааст.

Маркази иттилоот ва таҳлил

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ