​ММТ: 49 777 довталаб ДДХ-ро интихоб намуданд

Тибқи маълумоти омории Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба рафти интихоби муассисаҳои таълимии олии кишвар аз ҷониби довталабон дар раванди бақайдгирии довтлабон ба имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ барои соли таҳсили 2021-2022 ба Муассисаи давлатии таълимии “Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров” 49 777 ҳуҷҷат супоридаанд.

Ин нишондод аз 1-уми март то 3-юми апрели соли 2021 пешниҳод гардида, Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров баъд аз Донишгоҳи миллии Тоҷикистон мақоми дуюмро касб намудааст.

Бояд тазаккур дод, ки Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз рӯзи 1‑уми марти соли 2021 марҳалаи асосии бақайдгирии довталабонро барои иштирок дар имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ ба муассисаҳои таълимии таҳсилоти миёна ва олии касбӣ дар соли 2021 (ИМД-2021) оғоз кард.

Маълумоти муфассалро дар бораи бақайдгирӣ аз дастури иттилоотию методии Роҳнамои довталаб, ки шакли чопии онро Марказ ба муассисаҳои таълимӣ ройгон дастрас гардонида, гунаи электронияшро дар сомонаи худ ҷой додааст, пайдо кардан мумкин аст.

Рӯйхати муассисаҳои таълимии таҳсилоти миёнаи умумӣ ва олии касбие, ки дар заминаи онҳо барои бақайдгирии довталабон ҷиҳати иштирок дар ИМД-2021 нуқтаҳои бақайдгирӣ ташкил карда шудаанд, дар сомонаи Марказ ҷой дода шудааст.

Маркази иттилоот ва таҳлил

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ