Раванди таҷрибаомӯзии донишҷӯёни донишгоҳ

Сабақро нағз хонданҳои шогирд,

Бувад вобаста бар таълими устод.
Суҳайлӣ Ҷавҳаризода

Таҷрибаомӯзии ихтисоси “Фарҳанги ҷаҳонӣ ва ватанӣ, фолклор”-и факултети филологияи тоҷик, бо роҳбарии Умеда Абдурашидова дар гимназияи №2 –и ноҳияи Бобоҷон Ғафуров давом дорад.

То ин дам донишҷӯён бо хонандагони синфҳои 8-9 аз наздик шинос гардида, бо роҳбарони синф ва омӯзгорони фаннӣ ҳамкориро хеле хуб ба роҳ монданд. Баъд аз як ҳафтаи ғайрифаъол донишҷӯён дар синфҳои вобасташуда дарсҳои таълимӣ ва тарбиявии худро бо дастгирӣ ва маслиҳатҳои омӯзгорони пешқадами мактаб, роҳбарони педагог ва психолог гузарониданд.

Аз тарафи донишҷӯён дарсҳои намунавии таълимӣ ва тарбиявӣ барои хонандагони синфи 8-9 бо истифода аз усулҳои фаъоли таълим ва муносибати салоҳиятнокӣ ба дарс гузашта истодааст. Бояд қайд кард, ки дарсҳои интерактивӣ бо роҳҳои гуногун ташкил карда мешаванд: кор бо гурӯҳҳо, баҳсҳо, ҳуҷуми зеҳнӣ ва ғайраҳо. Гузаронидани чунин дарсҳо пеш аз ҳама, ба эҷодкории муаллим вобаста аст, ки донишҷӯён тавонистанд донишҳои назариявии худро дар амал татбиқ намоянд.
То охири давраи таҷрибаи омӯзгорӣ донишҷӯён кӯшиш доранд, то аз имконияти мавҷуда самаранок истифода бурда, донишу малакаи омӯзгории худро сайқал диҳанд.

Умеда Абдурашидова, роҳбарии таҷрибаомӯзон дар гимназияи №2 –и ноҳияи Бобоҷон Ғафуров гуфт, ки донишҷӯён бояд барои пурра кардани дониши худ мустақилона кор кунанд, барои ҳар рӯз ва ҳар соат, хусусан ба хондани ҳар гуна асарҳои илмӣ, сиёсӣ, таълимӣ, методӣ ва ғайра мунтазам машғул шаванд. Н.К.Крупская гуфта буд: “Одаме, ки худаш хонда наметавонад ва танҳо чизҳои муаллим гуфтаро аз худ мекунад ноӯҳдабарост. Ба мо лозим аст, ки ҷавононро тарзе дарс диҳем, ки худашон мустақилона ба донишҳо мусаллаҳ гарданд”.

Номбурда дар такя ба гуфтор дар китоби “Авасто”, ки оварда шудааст:“Агар туро фарзанди хурдсол аст, ӯро ба дабистон бифирист, зеро фурӯғи дониш чашми равшан ва биност”, намуда гуфт, ки дабистон гулзори маърифат ва мактаби ҳаёт аст. Дар навбати худ давраи таҷрибаомӯзӣ дар фаъолияти ояндаи омӯзгорӣ барои донишҷӯён қадами аввалин аст.

Маркази иттилоот ва таҳлил

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ