​Дар рӯзи дуюм даври донишгоҳии Озмуни ҷумҳуриявии ”Илм - фурӯғи маърифат” аз рӯйи 3 номина баргузор гашт

Дар Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров даври аввали Озмуни ҷумҳуриявии ”Илм - фурӯғи маърифат” аз рӯйи 3 номина - математика, физика ва биология бо ширкати беш аз 80 олимони ҷавон, докторантон, магистрантон ва донишҷӯён ҷараён гирифт.

Дар ин бора садорати факултетҳои биология ва химия, математика, физика ва техника иттилоъ доданд.

Тавре ки хабар дода будем, дар даври донишгоҳии озмун олимони ҷавон, докторантон, магистрантон ва донишҷӯён аз рӯи 7 номина: ихтироъкорӣ ва навоварӣ, математика (арифметика, алгебра, геометрия); физика ва астрономия; химия; биология (ботаника, зоология, анатомия); география; технологияи иттилоотӣ байни ҳам сабқат хоҳанд кард.

Хотирнишон менамоем, ки дар сатҳи факултетҳои донишгоҳ бо шумули 989 олимони ҷавон, докторантон, магистрантон ва донишҷӯён баргузор гашт, ки 212 нафар ба тартиби зайл: номинаи ихтироъкорӣ ва навоварӣ 34 нафар, номинаи математика 34 нафар, наминаи физика 16 нафар, номинаи химия 31 нафар, номинаи биология 33 нафар, номинатсияи география 26 нафар ва номинаи технологияҳои иттилоотӣ 38 нафар ба даври донишгоҳӣ роҳхат гирифтанд.

Мақсад аз ташкил ва гузаронидани Озмун дар амал татбиқ намудани Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи Озмуни ҷумҳуриявии ”Илм - фурӯғи маърифат”ва амалисозии «Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф» (солҳои 2020-2040) гуфта мешавад.

Маркази иттилоот ва таҳлил

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ