90%-и ғизои инсон ба растанӣ вобастагӣ дорад
“Олами растанӣ табиӣ - сарчашмаи растаниҳои маданӣ, ки барои қонеъ гардонидани талаботи инсон равона карда шудааст, ки 90%-и ғизои чаҳонии инсон аз растанӣ вобаста мебошад. Дар замин имрўз қариб 80, 000 намуди растаниҳои хўрданибоб маълум аст, ки аз он 30 зироати хоҷагии кишоварзӣ инсонро таъмин менамояд. Бебозгашти тағйири глобалии биосфераи Замин дар зери таъсири истеҳсолоти хоҷагии кишоварзӣ бо тезӣ дар охирҳои асри XX бад гаштааст”, ин нукта дар конфронси илмӣ-амалии бахши донишҷӯён, ки дар кафедраи экология ва ҳифзи табиати факултети геоэкология баргузор гардид, гуфта шуд.
Конференсияи мавриди назарро мудири кафедраи экология ва ҳифзи табиат, дотсент Фотимахон Очилова ҳусни оғоз бахшида ишора намуд, ки чун ҳамасола, дар моҳи апрел бахшида ба Рӯзиилми тоҷик конфронси илмӣ- амалии устодон, магистрантон ва донишҷӯён ба ҳусни анъана даромадааст, багузор мегардад.
Дар идома доир ба мавзӯъҳои “Ташаббусҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон доир ба захираҳои об дар Ҷумҳурии Тоҷикистон”, “Омӯзиш ва таҳлили ҳолати экологии оби деҳаи Чашмасор ва роҳҳои ҳалли муаммоҳои он”, “Таъсири фаъолияти хоҷагидории соҳаи кишоварзӣ ба табиат ва роҳҳои ҳалли он”, “Технологияи муосири беҳдошти сифати тухмии зироатҳои кишоварзӣ ва мавқеи он дар маҳсулнокии зироатҳо”, “Имкониятҳои рушди сайёҳии экологӣ дар мавзеъҳои табиии ноҳияи Айнӣ (дар мисоли парваришгоҳи Искандаркӯл)” ва маърӯзаҳои илмӣ ироа гардиданд.
Пас аз музокира ғолибони конфронси интихоб ва маводи илмии онҳо барои чоп пешинҳод карда шуд.