ММТ: Ихтисоси “кори тиббии биологӣ”-и ДДХ дар 10 комбинатсияи ихтисосҳои серинтихоб дар ИМД-2021

Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ин иттилоъро дар асоси маълумоти оморӣ оид ба рафти интихоби муассисаҳои таълимии олии кишвар аз ҷониби довталабон дар раванди бақайдгирии довталабон ба имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ барои соли таҳсили 2021-2022 дар ҳолати то 31.03.2021 пахш намудааст.

Дар рӯйхати пешниҳодии ихтисосҳои Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ихтисоси мавриди назар таҳти рамзи 1 80 02 01 сабт шудааст.

Шакли таҳсил дар ихтисос рӯзона, намуди таҳсил ройгон ва шартномавист. Муҳлати таҳсил 5 сол ва зинаи таҳсилот мутахассис аст.

Тавре иттилоъ дода будем, дар соли таҳсили 2021-2022 Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров аз рӯйи 89 ихтисос фарогирии донишҷӯёнро ба таҳсил ба нақша гирифтааст.

Рамзи Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров дар Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти рақами 109 сабт гардидааст.

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ