​Зери унвони “Тозагии соҳил” аксияи ободонӣ гузаронида шуд

Бо мақсади таъмини иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати тавсеаи корҳои ободонӣ дар маҳалҳо ва бахшида ба истиқболи сазовори ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ташаббуси Раёсати ҳифзи муҳити зисти вилояти Суғд дар ҳамбастагӣ бо МДТ “Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров” аксияи вилоятии “Тозагии соҳил” баргузор гардид.

Дар ин чорабинӣ зиёда аз 170 донишҷӯи ихтисосҳои “экологияи умумӣ” ва “агроэкология”-и факултети геоэкология, инчунин устодони кафедраи экология ва ҳифзи табиат иштирок намуданд.

Давоми аксияи “Тозагии соҳил” аз ҷониби иштирокчиён соҳили рости дарёи Сир, аз пули куҳна то обутобгоҳ (пляж)-и шаҳрӣ ҳамаи ҳудуд аз партовҳои истеъмолӣ, хусусан селлофану зарфҳои пластикӣ тоза карда шуд.

Ҳаҷми умумии партовҳои ҷамъоварда зиёда аз 12 метри мукаабро ташкил намуд, ки бо нақлиёти махсуси Хадамоти партовкашонӣ ба партовгоҳи шаҳри Хуҷанд интиқол дода шуд.

Маркази иттилоот ва таҳлил

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ