​Баррасии масоили таркиби луғавии забони тоҷикӣ ва хусусиятҳои он

Дар факултети математика, гурӯҳи 101“в” дар мавзӯи “Таркиби луғавии забони тоҷикӣ ва хусусиятҳои он. Луғатҳо ва истифодаи онҳо” дарси кушоди номзади илмҳои филологӣ, дотсент Салоҳиддин Иноятов дар баргузор гардид.

Дар ҷараёни дарс тазаккур дода шуд, ки ҳамаи калимаҳое, ки дар забон мавҷуд ҳастанд, дар якҷоягӣ таркиби луғавиро ташкил медиҳанд. Умдатарин вежагии таркиби луғавии забон ноустувории он буда, ҳамеша дар таҳаввулу дигаргунӣ мебошад. Аммо бар хилофи таркиби луғавӣ, фонди асосии луғавӣ устувор буда, асосан калимаҳои аслиро дарбар мегирад, ки онҳо барои сохтани аносири луғавии нав ҳамчун асос хизмат мекунанд.

Ҳамчунин қайд гардид, ки фарҳангнигорӣ дар забони тоҷикӣ собиқаи куҳан дошта, аллакай дар замони Сосониён луғатҳо тадвин гардида буданд, ҳарчанд то замони мо ҷон ба саломат набурда бошанд ҳам. Аввалин фарҳанге, ки то замони мо расидааст «Луғати фурс»-и Асадии Тӯсӣ мебошад, ки он дар асри Х1 мураттаб гардида, то ибтидои қарни ХХ беш аз 200 адад луғатнома тадвин шудаанд. Лексикографияи тоҷик ниҳоят пурбор буда, дар қарни ХХ он ниҳоят доманфарох гардид ва анвои мухталифи нав ба вуҷуд омаданд, ки луғатҳои энсиклопедӣ аз ҷумлаи онҳо мебошанд.

Дар маҷмӯъ, дарс дар сатҳи илмиву методии хуб ташкил ва гузаронида шуда, донишҷӯён низ дар ҷараёни он фаъолнокӣ нишон доданд. Устодоне, ки дар дарси кушоди мазкур иштирок доштанд, дар интиҳо баромад намуда, доир ба сатҳу сифати дарс андешаи хешро баён сохтанд. Аз ҷумла, профессор Толиб Ваҳҳобов доир ба пояҳои илмиву методии даср суханронӣ намуда, барои қавӣ гардидани ҷанбаҳои илмии дарс ва боз ҳам беҳтар шудани сифати он маслиҳатҳои судаманд дод.

Маркази иттилоот ва таҳлил

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ