Дифои рисолаи илмӣ дар Шӯрои диссертатсионии донишгоҳ

Дар Шӯрои диссертатсионии 6D.КОА-027 назди Муассисаи давлатии таълимии “Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров” аз рӯйи ихтисоси 6D010200-Педагогика ва методикаи таълими ибтидоӣ барои дарёфти номзади илмҳои педагогӣ аз рӯйи ихтисоси 13.00.01 - педагогикаи умумӣ, таърихи педагогика ва таҳсилот (илмҳои педагогӣ) Собитов Мазбут Шавкатович дар мавзӯи “Омодагии омӯзгорони оянда ба истифодаи воситаҳои мултимедиавии таълим дар низоми таҳсилоти кредитии мактабҳои олии Ҷумҳурии Тоҷикистон” рисолаи илмии худро дифоъ намуд.

Ҷомеаи меҳнатии Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров Мазбут Собитовро барои дифои рисолаи илмӣ шодбош гуфта, тавфиқи ҳамешагӣ, пешрафти назарраси илмӣ ва саломатии бардавомро орзу дорад.

Маркази иттилоот ва таҳлил

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ