Машғулияти намунавӣ

Бо иштироки декан ва устодону магистрантони факултети психология ва таҳсилоти томактабӣ дар муассисаи таълимии томактабии ширхоргоҳ - кӯдакистони №8 дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров машғулияти намунавии ташаккули тасаввуроти оддитарини математикӣ гузаронида шуд.

Машғулияти мазкур дар гурӯҳи омодагӣ ба мактаб аз ҷониби мураббияи муассиса Ҳоҷибоева Тахмина баргузор шуда, мавзӯи онба мавзӯи “Инкишоф додани тасаввуроти кӯдакон доир ба рақамҳои 7 ва 8. Машқкуниҳо доир ба муайянкунии ҷои ашёҳо дар ҳамворӣ (дар рӯи варақаи қоғаз) бахшида шуд.

Дар раванди машғулият аз маводи намоишӣ, аёниятҳои дастисохт мувофик ба мавзӯъ, воситаҳои техникӣ, ҳамзамон аз усулҳои интерактивӣ ба монанди чархи ақидаҳо, кластери содда васеъ истифода бурда шуд.

Ҳамзамон, аз ҷониби устодони факултет ҳар як қисмати машғулият дар алоҳидагӣ таҳлил карда шуд.

Маркази иттилоот ва таҳлил

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ