​Тақдими дипломҳои дараҷаи илмӣ

Дирӯз 26-уми ноябр, дар ҷаласаи Шӯрои олимони Муассисаи давлатии таълимии “Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров” аз ҷониби ректори донишгоҳ, доктори илмҳои таърих, профессор Ҷамшед Ҷӯразода ба як қатор устодон дипломи дараҷаи доктори илм ва дипломҳои дараҷаи номзади илм тақдим гардид.

Аз ҷумла, бадотсенти кафедраи забон ва адабиёти тоҷики факултети забонҳои шарқ Насимҷон Ҳамробоев дипломи дараҷаи доктори илм аз рӯи ихтисоси руйи ихтисоси 10.02.14 – Филологияи классикӣ, филологияи арабӣ ва юнонӣ дода шуд.

Ҳамчунин ба 6 нафар устодони донишгоҳ Шерзод Азизов –сармуаллими кафедраи нақшакашӣ, геометрияи тасвирӣ ва методикаи таълим, Зикрулло Мирзабоев – сармуаллимикафедраи нақшакашӣ, геометрияи тасвирӣ ва методикаи таълим, Мунзифахон Алиева – сармуаллимаикафедраи технология ва методикаи таълими он, Адиба Абдуллоева – исармуаллимаикафедраи технология ва методикаи таълими он,Анисахон Ёқубова – сармуаллимаи кафедраи методикаи таълими забон ва адабиёти рус, Сурайё Тошхӯҷаева – сармуаллимикафедраи электроника дипломи дараҷаи номзади илм, ки аз ҷониби КОА-и назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дастраст гардида буд, дар фазои тантанавӣ супорида шуд.

Маркази иттилоот ва таҳлил

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ