​“Муаммоҳои баланд бардоштани сифати таълим дар партави Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии кишвар” зери ин унвон мизи мудаввар гузаронида шуд.

Мусаллам аст, ки таъмини сифати тахсилот дар муассисаҳои олии кишвар яке аз муҳимтарин тадбирҳо маҳсуб мешавад, ки дар пешрафти самтҳои мухталифи илму маорифи мамлакат заминаи мусоид фароҳам месозад. Ин аст, ки таваҷҷуҳи давлату ҳукумат, ба хусус, Пешвои миллат дар ин самт ҳамасола вусъат пайдо намуда, масъалаи мазкурро дар ҳар суханрониҳояшон муқарраран таъкид менамоянд.

Дар партави чунин сиёсати маорифгаро Муассисаи давлатии таълимии “Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров дар ҳамбастагӣ бо Раёсати Маорифи вилояти Суғд мизи мудаввар дар мавзӯи “Муаммоҳои баланд бардоштани сифати таълим дар партави Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии кишвар” ташкил ва баргузор намуд.

Дар ибтидо ректори донишгоҳ, профессор Ҷамшед Ҷӯразода сухан карда, гуфт, ки раёсати донишгоҳ дар такмилу таҷдиди нақшаву барномаҳои таълимӣ, стандартҳои давлатии таълимӣ, таҳияи маводҳои мухталифи омӯзишӣ, роҳандозӣ намудани усулҳои наву замонавӣ, идоракунии сифати таҳсилот ва таъмини базаи моддиву техникӣ меъёрҳои байналмилалии маорифи ҷаҳониро мавриди корбаст қарор дода,тадбирҳои муҳимро бо роҳ мондааст.

Ба хусус, таҳияи Стандартҳои давлатии таълимӣ ва тасдиқи онҳо аз ҷониби Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчунин,дар асоси онҳо таҷдиду коркарди барномаҳои нави таълимӣ дар донишгоҳаз корҳои муҳим мебошад, ки барои таҳкими сатҳу сифати таҳсилот дар соли равон мусоидат хоҳад кард. Ин аст, ки то оғози соли таҳсили 2019-2020 беш аз 1000 барномаи таълимӣ таҳия гардида, дар ҷаласаҳои кафедраҳо ва шӯроҳои таълимӣ-методӣ баррасӣ ва тасдиқ қарор гирифтанд. Барои сифатмандии маводи таълимӣ ва дар сатҳи баланд ҷараён гирифтани сифати тадрис “Соли 2020-соли сифати муаррифиҳои фаннӣ”эълон карда шуд, ки умедворем самараҳои хуб хоҳад дод.

Баъдан, Каримзода Осим Қосимӣ - сардори Раёсати маорифи вилояти Суғд сухан карда, гуфт, ки ташкил ва баргузории семинарҳои омӯзишиву таълимӣ дар Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ҷиҳати пешбурди раванди таълим ва густариши сатҳу сифати таҳсилот заминаи мусоид фароҳам хоҳанд гузошт. Илова намуд, ки таъмини сатҳу сифати таълим ва густариши раванди таҳсилотяке аз механизмҳои танзими иҷтимоии соҳаи маориф ба ҳисоб рафта, фаъолияти назаррси онро муайян менамояд, ки натиҷаи маҷмӯи манфиатҳо ва эҳтиёҷоти субъектҳои мухталифи иҷтимоӣ мебошад. Аз ин рӯ, ташкил ва баргузории ин мизи мудаввар низ давоми мантиқии тадбирҳои раёсати донишгоҳ ва ҳамкориҳои судманди он бо Раёсати маорифи вилояти Суғд ҷихати таҳким бахшидан ба сифатмандии таҳсилот мебошад, ки умедворем ин ҳамкории муштарак дар пешбурди минбаъдаи маорифи вилоят нақши муассир хоҳад гузошт.

Дар идома кормандони Раёсати маорифи вилояти Суғд ва устодони донишгоҳ дар мавзӯъҳои “Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон – дастури раҳнамо дар соҳаи маориф”, “Асосҳои психологию педагогии баланд бардоштани сифати таълим дар раванди педагогии мактаби олӣ”, “Таъмини сифати таълим вазифаи меҳварии раванди таълим дар макотиби олии касбӣ”, “Роҳ ва усулҳои назорати сифати таълим дар муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ”, “Раванди татбиқи муносибати таълими босалоҳият дар муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ” маърӯза намуда, дар ин замина доир ба масоили моҳият ва меъёрҳои сифати таълим, робитаҳои донишгоҳ бо муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ, кор бо мутахассисони ҷавон ва ғайра ибрози назар намуданд.

Маркази иттилоот ва таҳлил

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ