​Конференсия: “Пешвои мо-ифтихори мо”

Дар факултети иқтисодӣ бахшида ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон конференсияи илмӣ-амалӣ доир гардид.

Муовини декан оид ба корҳои тарбиявии факултет конфронсро ифтитоҳ намуда, ҳадафи ташаббуси мазкурро шарҳ дод.Таъкид гардид, ки ҷиҳати сазовор таҷлил намудани Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар асоси супоришоти ректор дар донишгоҳ як қатор иқдоми судманд ба роҳ монда шудааст. Ташкил ва гузаронидани конфронси илмӣ-амалӣ низ аз зумраи чунин тадбирҳост.

Дар доираи кори конфронс аз ҷониби устодони факултет перомуни мавзӯи “Иҷлосияи тақдирсози миллат”, “Нақши Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар тараққиёти иқтисодӣ-иҷтимоӣ кишвар”, “Пешвои миллат - бунёдгари сулҳу ваҳдат”, “Президент-ҳомии Конститутсия” маърӯзаҳо шунида шуд.

Ҳамзамон, донишҷӯён асарҳои Президенти кишварро муаррифӣ намуда, дар бораи сулҳу ваҳдат шеърҳо низ қироат намуданд.

Маркази иттилоот ва таҳлил

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ