​Баргузории чорабинии илмӣ бахшида ба гиромидошти шаҳидони Ҷанги Бузурги Ватанӣ

Дар факултети таҳсилоти ғоибона, воқеъ дар ноҳияи Ҷаббор Расулов бахшида ба гиромидошти шаҳидони Ҷанги Бузурги Ватанӣ чорабинии илмӣ таҳти унвони “Таърих гувоҳ аст....” баргузор гардид.

Дар ибтидои чорабинӣ номзади илмҳои таърих, дотсент Тошмуҳаммад Наврӯзов дар мавзӯи “Таърих гувоҳ аст...” маърӯза намуда, қайд кард, ки башарияти ҷаҳон аз замони пайдоиши олам ин гуна ҷанги хонумонсӯз ва фоҷиаи мудҳишро аз сар нагузаронидааст. Ҷанги дуюми ҷаҳонӣ (1939-1945) аз рӯи миқёсу андоза даҳшатноктарин ҷанг дар таърихи башарият буда, дар он беш аз 72 давлати хурду бузурги олам ширкат варзида, доманаи амалиётҳои ҳарбӣ ба ҳудуди 40 давлати ҷаҳон вусъат ёфтанд.

Гуфта шуд, ки теъдоди сафарбаршудагон зиёда аз 110 миллионро ташкил медод. Дар натиҷаи ин ҷанг кишварҳои зиёде хароб гаштанд ва бештар аз 50 миллион нафар қурбон ва садҳо миллион нафар аҳолии мамлакатҳое, ки ба гирдоби ҷанг кашида шуда буданд, ба маҳрумияту азоби тоқатшикан гирифтор гаштанд.

Баъдан, дар доираи чорабинӣ озмуни “Иншои беҳтарин” ва “Фурӯғи субҳи донӣ...” ҷамъбаст гардида, ғолибон қадр гаштанд.

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ