​Мулоқот: Механизмҳои муқовимати фарогири давлатӣ бо коррупсия ва сиёсати зиддикоррупсионӣ баррасӣ гаштанд

Дар факултети таърих ва ҳуқуқ мулоқоти намояндагони Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд бо устодон ва кормандони Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров баргузор гардид.

Дар ибтидо муовини ректор оид ба тарбия, профессор Аюб Усмонов сухан карда, зикр дошт, ки дар ҷаҳони муосир коррупсия бо ҷинояткории муташаккил ва терроризми байналхалқӣ алоқамандии зич дорад. Бинобар ин, ҷомеаи ҷаҳониро зарурат пеш омад, ки алайҳи ин зуҳуроти номатлуб чораҳои мушаххаси қонунӣ андешад. Ба замми ин коррупсия дар мақомоти ҳокимият ба рушди иқтисодиёти соягӣ (пинҳонӣ, «теневая экономика») мусоидат мекунад.

Гуфта шуд, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми навбатии худ ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки 26 январи соли 2021 ироа гардид, ба масъулони соҳа супориш доданд, ки лоиҳаи Стратегияи мазкурро барои солҳои 2021-2025 омода ва Ҳукумати ҷумҳурӣ пешниҳод созанд. Инчунин муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қайд намуданд, ки “Коррупсия зуҳуроти номатлуб ва барои ҷомеа хатарнок ба ҳисоб рафта, мубориза бар зидди он вазифаи асосии мақомоти давлатӣ, ниҳодҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ ва ҳар як сокини кишвар мебошад.

Аз ин лиҳоз, барои пешгирӣ кардани кирдорҳои коррупсионӣ, фароҳам овардани фазои оштинопазир ба он ва ба ин раванд ҷалб намудани тамоми мақомоти давлатӣ, воситаҳои ахбори омма ва ниҳодҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ аз ҷониби субъектҳои мубориза бар зидди коррупсия бояд чораҷӯӣ карда шавад”.

Сипас нозири шуъбаи пешгирии ҷиноятҳои хусусиятҳои коррупсионидоштаи Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилоят Суғд Назриён Василбек Қурбон баромад кард. Номбурда зимни суханронӣ доир ба шеваҳои пешгирӣ ва муқовимат бо амалҳои коррупсионӣҳарф зада, зикр дошт, ки коррупсия ба тақсимоти ғайриодилона ва хароҷоти воситаҳои давлатӣ, тасарруфи маблағҳои буҷетӣ, кам ҷамъ шудани андозҳо, сарфа нашудани вақт ва паст шудани сифати кори дастгоҳи давлатӣ, ташаккули рақобати носолим дар бозор, муфлис шудани соҳибкорон, аз кор рафтани кадрҳои соҳибтаҷриба, кам шудани сармоя ва пешрафти истеҳсолот, паст шудани сатҳи хизматрасонӣ, нобаробарии иҷтимоӣ, авҷ гирифтани ҷинояткорӣ, норозигӣ ва нобоварии шаҳрвандон ба институтҳои давлатӣ ва ниҳоят ба паст гардидани меъёрҳои ахлоқ дар ҷомеа оварда мерасонад.

Баён гардид, ки дар радифи механизмҳои муқовимати фарогири давлатӣ бо коррупсия ва таҳкимбахшии сиёсати зиддикоррупсионӣ амалишавии механизмҳои ҳуқуқии байналмилалӣ ва истифодаи таҷрибаву дастовардҳои давлатҳои алоҳидаи ҷаҳон нақши муассир дорад. Дар роҳи мубориза бо коррупсияҳамкории байналхалқӣ аҳамияти бузург дорад.

Дар идома ширкаткунандагон доир ба масоили мавриди назар табодули афкор намуда, иброз доштанд, ки танҳо дар ҳолати муборизаи дастаҷамъона, ҷалби ҷомеаи шаҳрвандӣ ва тамоми мардуми кишвар мо метавонем сатҳи содиршавии кирдорҳои коррупсиониро коҳиш дода, сазовори зиндагии арзанда гардем.

Маркази иттилоот ва таҳлил

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ