​Рушди солонаи сайёҳии экологӣ то 30%-ро ташкил медиҳад

Дар факултети геоэкология конференсияи илмӣ-анъанавии докторантон ва магистрантон бахшида ба 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, “Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ”, “20-солаи рушди илмҳои табиатшиносӣ, риёзӣ ва дақиқ”, 110-солагии Қаҳрамони Тоҷикистон Мирзо Турсунзода баргузор гашт.

Дар конференсия докторантон ва магистрантон доир ба мавзӯъҳои “Балҷувон - минтақаи сайёҳии экологии Тоҷикистон”, “Хусусиятҳои геоэкологии ташаккули амнияти озуқаворӣ дар Тоҷикистон (дар мисоли вилояти Суғд)”, “Тадқиқоти экологӣ-географӣ: заминаҳои ташакулёбии объекти омӯзиш ва ҷабҳаҳои зериназарнамоӣ”, “Проблемаҳои геоэкологӣ гуруҳи конҳои Чорух-даррон” ва “Тадқиқотҳои илмӣ-амалӣ олимони рус дар куҳи Муғул” маърӯза намуданд.

Вобаста ба мавзӯъҳои ироагашта, гуфта шуд, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон дар рушди соҳаи сайёҳӣ имконияти пурқуввату рақобатпазир дошта, дар фазои сайёҳии ҷаҳонӣ метавонад мақоми устуворро касб кунад. Ин имконият дар симои фарҳанги анъанавии миллӣ, таърих, муҳити экологии ҳифзшуда, табиати зебою нотакрор, иқлими мусоид таҷассум меёбад.

Дар замони муосир сайёҳии экологӣ яке аз шаклҳои афзалиятноки сайёҳӣ ба шумор рафта, рушди солонаи он аз 10-20 то 30% ва даромад аз сайёҳии байналмилалӣ то 10-15%-ро ташкил медиҳад.

Баён гашт, ки агар дар қаламрави Тоҷикистон зиёда аз 5000 рустанӣ ва 10500 ҳайвоноти бемӯҳраву мӯҳрадорон бошад, наздик 50% - и он дар шимоли Тоҷикистон дучор мешавад. Ин ҷо қиёсан дар майдони начандон калон 2500 намуд растаниҳои рагдор, мансуб ба 104 оила ва 698 зот дучор мешаванд.

Дар рафти баррасии масъалаи “Тадқиқоти экологӣ-географӣ: заминаҳои ташакулёбии объекти омӯзиш ва ҷабҳаҳои зериназарнамоӣ” гуфта шуд, ки тадқиқотҳои экологӣ-географӣ он вақт тарҳи амиқи худро инъикос менамояд, ки қувваи инсон ба табиати Замин хело пурқувват мегардад ва он зериназарнамоии тамоми қишри географиро ба миен мегузорад. Раванди зикрӣ дар территорияҳои алоҳида тағйирёбии шароити табиии шароити умумии мавҷудияти инсонро хело бад менамояд ва он чун проблемаҳои экологӣ, амиқтараш ҳифзи табиӣ унвон карда мешавад ва ҳол он, ки ҳолати умумии экологии территорияҳо (дар муносибат ба одам) на танҳо тибқи компонентҳои табиӣ, ҳамчунин тибқи ҳолати хоҷагидорӣ, сатҳи саломатии инсон ва сотсиум муайян карда шудааст.

Пас аз музокира маърӯзаҳои беҳтарин интихоб ва маводи илмии онҳо барои чоп пешинҳод карда шуд.

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ