Мулоқоти мутахассиси соҳаи эпидемиологӣ бо донишҷӯён ҷиҳати пешгирии сироятёбии вируси тоҷдор

Баҳри таъмини сатҳи зарурии фаҳмиши донишҷӯён нисбати пешгирии сироятёбӣ ва паҳншавии бемории COVID-19 бо ибтикори кафедраи экология ва ҳифзи табиат бо иштироки донишҷӯён вохӯрӣ бо мутахассиси соҳаи эпидемиологӣ, духтур-эпидемиологи Маркази назорати давлатии санитарию-эпидемиологии вилояти Суғд Хурсанд Юсупов ташкил ва гузаронида шуд.

Вохӯриро декани факултет, дотсент Муъминҷон Аминов ифтитоҳ намуда, ба донишҷӯён оид ба тадбирҳои амалинамудаистодаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон зидди паҳншавии бемории COVID-19 маълумоти муфассал пешниҳод намуд.

Баъдан, духтур-эпидемиологи Маркази назорати давлатии санитарию-эпидемиологии вилояти Суғд Хурсанд Юсупов доир ба сабабҳои пайдошавӣ, паҳншавӣ, тадбирҳои пешгирӣ ва ғайраи бемории COVID-19 ба донишҷӯён иттилоъ дода, таъкид намуд, ки дар замони муосир ҳар як шаҳрванд уҳдадор аст, ки меъёрҳои муқаррарнамудаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон зидди паҳншавии бемории коронавирусро риоя намояд. Дар ин ҷода риояи талаботҳои гигиенаи шахсӣ, аз он ҷумла, бо собун шустани даст, пӯшидани ниқоби махсус, тоза кардани дастон бо маҳлулҳои антисептикӣ давоми рӯз, риояи масофаи муайяни гуфтугӯ бо шаҳрванди дигар ва ғайра, ки барои пешгирии сироятёбӣ ва паҳншавии беморӣ мусоидат мекунад, ҳатмӣ мебошад.

Ӯ афзуд, ки алҳол дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳодисаи сироятёбӣ бо коронавирус ба қайд гирифта нашудааст ва теъдоди муайяни шаҳрвандони аз давлатҳои гуногун воридшуда, таҳти чорабиниҳои карантинӣ қарор доранд.

Аз донишҷӯён дархост карда шуд, ки ба овозаю хабарҳои бардурӯғ дар шабакаҳои иҷтимоии интернет бовар накунанд ва дар ҳолати зарурат метавонанд ба Ситоди вилоятӣ оид ба пешгирии бемории коронавирус бевосита муроҷиат намоянд.

Дар охири чорабинӣ сармуаллим Музаффар Дадобоев ва мудири кафедраи экология ва ҳифзи табиат, дотсент Мурод Собиров барои баромади пурмуҳтаво ба духтур-эпидемиологи Маркази назорати давлатии санитарию-эпидемиологии вилояти Суғд Хурсанд Юсупов арзи сипос намуда аз донишҷӯён даъват намуданд, ки дар ҷараёни пешгирии паҳншавии бемории COVID-19 ҳар як нафар мавқеи фаъоли шаҳрвандиро ишғол намоянд.

Донишҷӯён ба мутахассиси соҳаи эпидемиологӣ саволҳои гуногун пешниҳод намуда ҷавобҳои қонеъкунанда гирифтанд ва изҳор доштанд, ки дар ҷараёни пешгирии паҳншавии бемории COVID-19 ҳар як нафар мавқеи фаъоли шаҳрвандиро таъмин хоҳанд кард.

Вохӯрӣ дар фазои озод ва бо иштироки фаъолонаи донишҷӯён ташкил гардид, ки дар он ҳамаи ҳозирин ҷонибдории худро аз сиёсати пешгирифтаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати пешгирии паҳншавии бемории COVID-19 баён намуданд.

Маркази иттилоот ва таҳлил

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ