​Маҳфили илмӣ-эҷодии «Эҳёи анъанаи бадеҳасароӣ дар даврони муосир» баргузор гашт

Бо ибтикори кафедраи мусиқии суннатии тоҷик маҳфили илмӣ-эҷодӣ «Эҳёи анъанаи бадеҳасароӣ дар даврони муосир» баргузор гардид.

Дар маҳфил сармуаллими кафедраи мусиқии суннатии тоҷик Сорбон Норбадалов доир ба мавзўи болозикр маърўза ироа намуд. Боиси қайд аст, ки номбурда аз рўи лоиҳаи «Эҳёи жанрҳои мардумӣ – бадеҳахонӣ» бо дастгирии Институти Ҷамъияти Кушода – Бунёди мадад дар Тоҷикистон даҳ бадеҳаро аз нав сабт намуда, ба навор гирифт.

Инчунин оҳангҳои 10 бадеҳа ба нота гирифта шуда, матнҳои он низ бо забонҳои тоҷикӣ ва англисӣ дар шакли китоб бо замимаи фита омодаи чоп аст. Номбурда қайд намуд, ки солҳои охир мавқеи жанри бадеҳасароӣ миёни мардум андак коста гардида, аз нигоҳи илми мусиқишиносӣ дур мондааст.

Аз ин рў иқдоми пешгирифта дар эҳё ва барқарорсозии жанри бадеҳа саривақтӣ арзёбӣ гардид.

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ