Изҳорот: Мо муттаҳидему шикастнопазирем

Ҳар саҳар ҳангоми дамидани субҳ шукр мегуям, ки боз ба як рӯзи нав расидем. Шукронаи сарзамини ободу осоиштаамонро мекунам, шукри хандаҳои кӯдакону хотири ҷамъи модаронро мекунам, шукр мекунам, ки дар Ватани бо ном Тоҷикистон умр ба сар мебарем. Агар ба таърих нигарем мардуми тоҷик чи гуна сахтиҳоро паси сар намуд. Дар хотир дорам, ки рузҳое буд, ки барои як бурдаи нон соатҳо дар навбат меистодем, ҳама ҷоро қимматӣ фаро гирифта буд.

Бисёрии аҳолии кишвар аз сабаби ҷангҳои шаҳрванди бехонаву бедар монда ба дигар давлатҳои ҳамсоя ҳамчун гуреза кӯч баста буданд. Охир ҳамаи ин рӯзҳои вазнину даҳшатоварро халқи тоҷик аз сар гузаронд. Хушбахтонамардуми тоҷик бо сарварии марди оқилу доно кордону дилсӯзи мардум Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Истиқлолияти худро ба даст овард. Имрӯзҳо ки дар ҳама ҷо нон серию пурӣ, мағозаҳо пур аз хӯрокворӣ, дар бозорҳо тамоми маҳсулотҳои хӯрока ва дигар молҳои талаботи ҳарруза фаровон аст. Имрӯз ки давлати Тоҷикистон бо қадамҳои боустувор ва бо суръати хеле тез ба пеш қадам мезанад баъзе аз нохалафон ва он ашхосоне ки зодагони ин давлат мебошанд намехоҳанд ин дастовардҳои кишвари азизи моро бубинанд. Гарчанде онҳо медонанд ки мо қувваи бузургему шикастнопазирем. Муҳиддин Кабириву Муҳаммадиқболи Садриддин барин хоинон хурсандиву ободии моро чашми дидан надоранд. Оҳо ҳамеша аз паи иғвовубадном кардани мо тоҷикон ҳастанд. Вале ҳамаи суханони онҳо пучу бемаънӣ ҳастанд. Ҳама онҳоро имрӯз мешиносанду ба гуфтаи онҳо эътибор ҳам намедиҳанд. Вале онҳо инро дарк намекунанд ва чун саги лайлӣ барик аккос зада мегарданд. Ба қавли зарбулмасали русҳо “Собака лает, ветер уносит”.

Мо ба Кабирии лаънати муроҷиат карда гуфтанием, ки лаънати нону намаки Тоҷикистон ту ва ту барин сагони дайду ва ватанфурӯшро кур кунад, аз руи фитнаву адоват ва бахиливу разили ту бо маслиҳати хочагонат ба чунин корҳои паст даст зада истодаи, ту бидон, ки мо шикастнопазирем ва то ҷон дар бадан дорем барои ҳифзи як порча замини давлати худ мубориза мебарем.

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ