​Биологҳо доир ба роҳҳои таълим ва илму инноватсия конференсияи илмӣ-анъанавӣ баргузор намуданд устодон, олимони ҷавон

Дар кафедраи биология ва методикаи таълими он конференсияи илмӣ-анъанавии устодон, олимони ҷавон бахшида ба 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, “Солҳоирушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ”, “20 – солаи рушди илмҳои табиатшиносӣ, риёзӣ ва дақиқ”, 110-солагии қаҳрамони Тоҷикистон Мирзо Турсунзода бо ироаи 5 маърӯза баргузор гардид.

Дар конференсияи илмӣ-анъанавӣ устодон ва олимони ҷавон доир ба мавзӯҳои “Саҳми академик Павловский Е.Н. дар ривоҷ додани паразитология дар Тоҷикистон”, “Хусусиятҳои биоэкологиирустанииМаклюра ва аҳамияти ондар хоҷагии халқ”, “Махсусияти методҳои мултимедӣдар таълими биология”, “Муҳимияти истифодабарии навъҳои мутобиқгардонидаи тухмҳои босифати элитавӣ дар шароити ҳозираи Ҷумҳурии Тоҷикистон” ва “Инноватсия дар таълими биология ва роҳҳои самаранокии он” баромад намуданд.

Пас аз баромади устодон вобаста ба мавзӯъ саволу ҷавоб ва табодули афкор ҷараён гирифт.

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ