​Қадршиносии устоди донишгоҳ аз ҷониби Вазири маориф ва илми кишвар

Боҳир Раҷабов, сардори шуъбаи омодакунии кадрҳои илмӣ ва илмӣ-педагогии Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров барои саҳми арзанда дар ташкил ва баргузории озмуни ҷумҳуриявии “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст” бо Сипосномаи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон сарфароз гардонида шуд.

Мавриди зикр аст, ки номбурда 9 донишҷӯ, магистрант ва докторанти Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуровро барои ширкат дар номинатсияҳои даври ниҳоии ҷумҳуриявии озмуни "Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст", ки дар шаҳри Душанбе аз 7 то 15 декабри соли равон дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон баргузор гардид, ҳамроҳӣ ва роҳбаладӣ намуд.

Ҷомеаи меҳнатии донишгоҳ Боҳир Раҷабов, сардори шуъбаи омодакунии кадрҳои илмӣ ва илмӣ-педагогиро шодбош намуда, тавфиқи ҳамешагӣ, офият ва саломатии бардавомро орзу менамояд.

Маркази иттилоот ва таҳлил

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ