​Ҷойи дуюм ва мақоми ифтихории устодони донишгоҳ дар озмуни “Ҷумҳурият”

Нашрияи расмии Ҷумҳурии Тоҷикистон – рӯзномаи “Ҷумҳурият”, ки дар якҷоягӣ бо Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳрҳои Ҳисор, Турсунзода ва ноҳияи Шаҳринав дар доираи чорабиниҳои ҷашнӣ бахшида ба 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ба хотири гиромидошти 110-умин солгарди Қаҳрамони Тоҷикистон Мирзо Турсунзода озмун эълон дошта буд, ҷамъбаст кард.

Аз рӯйи натиҷагирии ҳайати ҳакамони озмун устодони Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров – Субҳони Аъзмазод, ходими калони илмии ИИТ илмҳои ҷомеашиносии назди Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров, номзади илмҳои филологӣ, дотсент мақоми дуюм ва Сурайё Ҳакимова, муаллимаи кафедраи журналистика ва назарияи тарҷума, номзади илмҳои филологӣ яке аз ҷойҳои ифтихориро касб намуда, бо Диплом ва мукофоти пулӣ тақдиронида шуданд.

Маврид ба зикр аст, ки озмун аз 15 март то 15 июни соли 2021 идома ёфта, дар арафаи таҷлили Ҷашни Рӯзи ваҳдати миллӣ ҷамъбаст гашт, ки ҳадаф рӯнамоии хидматҳои мондагори фарзонафарзанди миллат, Қаҳрамони Тоҷикистон Мирзо Турсунзода дар роҳи ба маҷрои худшиносӣ ва таҳкими пояҳои давлатдории миллӣ равона кардани қисмати халқи хеш дар марҳилаҳои ҳассоси таърихӣ мебошад.

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ