​Ёде аз Мирзо Турсунзода ва Лоиқ Шералӣ дар маҳфили “Ганҷи сухан”

Дар Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров нишасти 190-умини маҳфили илмиву адабии «Ганҷи сухан» бахшида ба 110- солагии Қаҳрамони Тоҷикистон, Шоири халқии Тоҷикистон Мирзо Турсунзода ва 80-солагии Шоири халқии Тоҷикистон Лоиқ Шералӣбо иштироки адибону олимони маъруфи кишвар, адибони ҷавон, мухлисони адабу фарҳанг баргузор гардид.

Аҳли нишаст дар оғоз филмҳои кӯтоҳмуддат дар бораи устодон Мирзо Турсунзода ва Лоиқ Шералиро тамошо карданд.

Дар сухани ифтитоҳӣ роҳбари маҳфил, адабиётшинос Саидумрон Саидов дар мавриди мавзӯъ ва муҳтавои нишасти навбатӣ изҳори назар намуда, аз ҷумла зикр кард, ки нишасти навбатӣ дар осонаи 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон баргузор мегардад ва ба 110- солагии Қаҳрамони Тоҷикистон, Шоири халқии Тоҷикистон Мирзо Турсунзода ва 80-солагии Шоири халқии Тоҷикистон Лоиқ Шералӣ бахшида шудааст. Сипас таҳти унвони “ Ду ситораи тобноки адабиёт” ректори донишгоҳ, профессор Ҷамшед Ҷӯразода маъруза намуд. Ӯ гуфт, ки ин ҷашнҳо бо азму ҷазм ва талошу ташаббуси Пешвои муаззами миллат Эмомалӣ Раҳмон ба чорабиниҳои муҳмми сатҳи баланд табдил ёфтаанд. Ба ин маънӣ қадршиносӣ аз хидматҳои фарҳангӣ ва адабиву чеҳраҳои шоистаи тоҷикон дар шумори бузургтарин ибтикоротест, ки аз падидаҳои фарҳангсириштии шоистаи сиёсати Сарвари давлат, Эмомалӣ Раҳмон сарчашма мегирад.

Сипас, доктори илмҳои филология, профессор Абдунабӣ Сатторзода дар мавзӯи “Турсунзода ва Лоиқ : машъалафрӯз ва машъалдор (нигоҳе ба як марҳалаи такомули шеъри тоҷикӣ ва вежагиҳои он)” баромади пурмуҳтавое намуд. Аз ҷумла дар мавриди мақому манзалати ин ду суханвар дар ҷомеаи муосир изҳори назар намуд. Аз назари муҳаққиқ устод Турсунзода машъалафрӯз ва устод Лоиқ машъалдори адабиёти тоҷик маҳмуб мешаванд. Ҳамзамон профессор Сатторзода Абдунабӣ баъзе аз муҳаққиқонеро, ки аз сари нодониву бехабари санги маломат ба шеъри ин адибон мепартоянд зери тозиёнаи танқид қарор дод. Адабиётшинос Ҳафиз Раҳмон дар мавзуи “Устод Мирзо Турсунзода ва истиқболи ӯ аз Низомию Иқбол” дар заминаи пажӯҳиши густурда аз коргоҳи эҷодии устод Турсунзода сифат намуд. Ӯ аз огоҳии комили устод Турсунзода аз адбиёти классикӣ сухан карда, аз таъсири шеъри Низомиву Иқбол бо мисолҳои мушаххас ибрози назар кард.

Шоири Халқии Тоҷикистон устод Фарзонадар бораи ҳунари шоирии аз устод Турсунзода сухан карда, хотираҳои некеро аз рӯзгори устод Лоиқ барои ҳозирон баён намуд ва шеъреро ба ёди устод қироат кард. Шоирони Халқии Тоҷикистон Аскар Ҳаким ва Камол Насрулло низ саҳифаи хотироти хешродар назди ҳозирин гардонаданд ва дар васфи Турсунзодаву Лоиқ шеърҳои навэҷодашонро қироат намуданд. Шоир Акбар Абдулло низ, ки аз шогирдону дӯстони устод Лоиқ маҳсуб мешавад, хотираҳои сабзеро аз рӯзгори ҳамнишиниҳо баён кард.

Дар рафти маҳфил китобҳои устод Мирзо Турсунзода ва Лоиқ, ҳамчунин адабиёти ба ҳаёт ва фаъолияти эшон бахшида шуда ба тариқи слайд намоиш дода шуд, ки ба маҳфил маънии тоза бахшид.

Ҳамчунин дар доираи маҳфил Озмуни “Беҳтарин шеър”ҷамъбаст гардид. Ба шеъри довталабон адибон ва олимони тоҷик аз ҷумла устодон Абдунабӣ Сатторзода, Аскар Ҳаким,Фарзона, Абдухолиқ Набиев ва Аҳмадҷон Раҳматзод доварӣ намуда, ғолибонро муайан намуданд.

Ниҳоят “Шоҳҷиза “ насиби Абдуҷаббори Суруш гардида, Бузургмеҳри Баҳодур ва Мафтуна Қосимзода ҷои якум, Аниса Манонова, Родмеҳр Сулаймонӣ ҷои дуюм ва Шаҳриёр Олимӣ, Иброҳимҷон Дӯстализода мақоми сеюмро касб намуданд. Ҳамчунин шоири ӯзбекзабон Комилҷон Хушназаров бо Ифихорнома қадр карда шуд.

Дар поёни маҳфил ба ҳамаи меҳмонон туҳфаҳои арзанда, аз ҷумла китобҳои тозанашри адабиву илмӣ ҳадя гардид.

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ