​Довталаб-2021: Ояндаи зебо аз интихоби дуруст вобаста аст!

Забони русӣ яке аз 6 забони расмии Созмони Милали Муттаҳид мебошад. Дар Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба забони русӣ мақоми забони муоширати байни миллатҳо дода шудааст. Ҳамчунин дар меъёрҳои давлатии таҳсилоти ибтидоӣ, миёна ва олии касбӣ ба забони русӣ мақоми фанни ҳатмӣ дода шудааст. Забони русиро дар тамоми макотиби таҳсилоти умумии кишвар, шурӯъ аз синфи дуюм меомӯзанд.

Омӯзонидани забони хориҷӣ, хусусан забони русӣ ба хурдсолон виҷагиҳои худро дорад. Аз ин рӯ, Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров бо назардошти талаботи бозори мехнат дар соли таҳсили 2021-2022 қабули донишҷӯёнро аз рӯйи ихтисоси таҳсилоти томактабӣ. (Забони русӣ) ба роҳ мондааст.

Ихтисоси таҳсилоти томактабӣ. (Забони русӣ)-и Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров дар номгӯи ихтисосҳои Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти рамзи 1-01 01 02 03 омадааст.

Ихтисосҳои таҳсилоти томактабӣ. (Забони русӣ) дар назди факултети психология ва таҳсилоти томактабии донишгоҳ таъсис ёфта, ба муассисаҳои таълимию томактабӣ мутахассис тайёр мекунад.

Таълим дар ин ихтисос аз рӯи низоми бакалавр (5-сола, ҳамчун ихтисоси ҳамгиро) сурат мегирад. Шакли таҳсил рӯзона буда, намуди таҳсил шартномавӣ мебошад.

Донишҷӯёне, ки аз рӯи ин ихтисос донишгоҳро хатм мекунанд, метавонанд дар мактаб, муассисаҳои томактабӣ, марказҳои забономӯзӣ ва ғайра ба ҳайси омӯзгори фанни забони русӣ ба фаъолияти педагогӣ пардозанд.

Рамзи Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров дар Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти рақами 109 сабт гардидааст.

Бо донишгоҳи мо ояндаи худро дурахшон намо!

Маркази иттилоот ва таҳлил

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ