​Мизи мудаввар: Мутобиқнамоии кӯдакони Синдром Дауна ба муҳити иҷтимоӣ

Дар факултети психология ва таҳсилоти томактабӣ бо ширкати намояндагони Ташкилотҳои ҷамъиятии “Рангинкамон”, “Назари дигар” ва устодону донишҷӯён таҳти унвони “Мутобиқнамоии кӯдакони Синдром Дауна ба муҳити иҷтимоӣ” мизи мудаввар гузаронида шуд.

Дар ибтидо Муҳаррам Раҳимова - сармуаллимаи кафедраи психологияи иҷтимоӣ ва касбӣ доир ба ҳадафу мароми лабораторияи “Инкишофи барвақти кӯдак”, ки бо усули методикаи Мария Монтессорӣ муҷаҳҳаз гардонида шудааст, сухан кард.

Гуфта шуд, ки мутобиқсозии иҷтимоӣ ин мутобиқ намудан ба рафтори фардӣ ва гурӯҳии кӯдакони Синдром Дауна ба системаи маъёрҳо ва арзишҳои иҷтимоӣ ба шумор меравад. Дар чунин ҳолат кӯдакон метавонанд бо муҳити иҷтимоӣ ҳамкорӣ намоянд. Онҳо барои ноил шудан ба ҳадафҳои худ дар доираи меъёрҳои мавҷуда мушкилоти махсус доранд. Вазифаҳои рушд ва тарбияи ин гуна кӯдакон аз муносибатҳои муносиби онҳо ба ҷомеа, татбиқи бошууронаи меъёрҳо ва қоидаҳои иҷтимоӣ иборатанд.

Дар идома доир ба масоили мавриди назар байни устодону донишҷӯён табодули афкор ҷараён гирифт.

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ