​Хониши сиёсӣ дар факултети забонҳои шарқ

Дар факултети забонҳои Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров бо мақсади татбиқи босамари сиёсати давлатии ҷавонон, ҳифзу гиромидошти арзишҳои миллӣ, пешгирии шомилшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои иртиҷоӣ хониши сиёсӣ таҳти унвони “Нақши ҷавонон дар тарғиби ғоя ва арзишҳои миллӣ” баргузор гардид.

Чорабиниро декани факултет, номзади илмҳои филологӣ Ислом Раҳимов ифтитоҳ бахшида, таъкид дошт, ки баргузории вохӯрии мазкур баҳри боз ҳам баланд бардоштани ҳисси ватандӯстӣ ва хештаншиносии ҷавонон мусоидат хоҳад намуд.

Муовини сардори Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши вилояти Суғд Замира Мансурова зимни суханронии худ таъкид дошт, ҷавонон ҳамчун нерӯи созанда ва пешбарандаи ҷомеа дар таҳсил ва корҳои ҷамъиятӣ ҳаматарафа фаъол бошанд ва бар ин васила дар раванди ободкориву созандагӣ саҳми назарраси худро гузоранд.

Дар замони пурташаннуҷи муосир ҷавононро зарур аст, ки зиракии сиёсии худро аз даст надода, ҳамеша солимфикру соҳибандеша бошанд ва худро аз ҳама гуна зуҳуроти номатлуб эмин нигоҳ доранд.

Сипас, мутахассиси шуъбаи кор бо ҷавонон Муталиб Маҳмудов роҷеъ ба дастовардҳои ҷавонони донишгоҳ ҳарф зада, иброз дошт, ки ба шарофати таваҷҷуҳу ғамхориҳои давлату Ҳукумати кишвар ҷавонон дар тамоми соҳаҳои хоҷагии халқ фаъол мебошанд. Пешвои миллат бо ифтихормандӣ аз насли ҷавони замони истиқлол ба савияи илму дониш, маърифату ҷаҳонбинӣ, сатҳи тафаккур ва одобу ахлоқи онҳо баҳои сазовор додаанд, ки ин ташаббус аз мақомоти давлативу ҷамъиятӣ, муассисаҳои таълимӣ, хоса ҷавонон масъулияти дучандро тақозо менамояд.

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ