​Хотираи Қаҳрамонони Ҷанги Бузурги Ватанӣ абадист!

“Ҳар яки мо вазифадорем тамоми азму ирода ва нерӯву имкониятҳои худро барои хизмат ба халқу Ватани азизамон ва минбаъд низ сазовор будан ба эътимоди мардуми кишвар сафарбар намоем”

Эмомалӣ Раҳмон

Дар факултети психология ва таҳсилоти томактабӣ чорабинии адабӣ-фарҳангӣ бахшида ба таҷлили Иди Ғалаба таҳти унвони “Хотираи Қаҳрамонони Ҷанги Бузурги Ватанӣ абадист!” баргузор гардид.

Дар ибтидо раиси Шӯрои ҷангу меҳнати донишгоҳ, номзади илмҳои таърих, дотсент, Шавкат Шарипов дар мавзӯи “Шуҷоати падарони қаҳрамонӣ-мактаби ибрат ба насли ҷавони даврони муосир” маъруза карда, баён дошт, ки дар таърихи инсоният санаҳое ҳастанд, ки бо гузашти солҳо аҳамияти онҳо боз ҳам бештар аён мегарданд. Рӯзи Ғалаба ҳам дар радифи ҳамин гуна санаҳои фаромӯшнашаванда мебошад. Он барои тамоми инсоният, аз ҷумла мо, тоҷикистониён низ азиз ва гиромӣ аст.

Дар идомаичорабинӣ устодону донишҷӯён доир ба таърихи Ҷанги Бузурги Ватанӣ, оид ба нақши тоқикон дар ҳимояи Ватан, нақши занҳо дар ақибгоҳ ва нигоришоти адибон дар солҳои Ҷанги Бузурги Ватанӣ баромад карданд.

Баъдан барои болтдахотирии аҳли нишаст чорабинии фарҳангиву фароғатӣ манзур гардид.

Маркази иттилоот ва таҳлил

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ