​Семинари илмӣ-назариявӣ дар кафедраи математикаи олӣ ва амалӣ

Дар факултети математика семинари намунавии илмӣ-назариявии кафедраи математикаи олӣ ва амалӣ баргузор гардид. Дар кори семинар дар мавзӯи “Методи умумикардашудаи интервалҳо” маърӯза шунида шуд.

Дотсент Эгамов Худойбердӣ дар бораи методи умумикардашудаи интервалҳо маълумот дод. Муаррифии мавзуъ тариқи тахтаи электронӣ сурат гирифт.

Семинари илмӣ-назариявии намунавӣ аз ҷиҳати илмӣ-методӣ дар сатҳи баланд гузаронида шуда, доир ба ин мавзӯъ аз ҷониби омӯзгорон ва донишҷӯён саволу ҷавобҳо гузаронида шуд.

Маркази иттилоот ва таҳлил

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ